Март 10, 2021 18:56 Asia/Dushanbe
  • Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, террористҳои боздоштшуда қирғиз ва хориҷӣ ҳастанд
    Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, террористҳои боздоштшуда қирғиз ва хориҷӣ ҳастанд

Хабаргузории «АКИ Пресс», Қирғизистон рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, нерӯҳои амниятии ин кишвар афродеро, ки дар ҳоли барномарезӣ барои таҷҳизи як гурӯҳи террористӣ буданд, боздошт карданд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон фаъолиятҳои ин гурӯҳро, ки шомили шаҳрвандони қирғиз ва хориҷӣ буданд, комилан террористӣ унвон кард, ки раҳбароне аз "як гурӯҳи террористии байналмилалӣ дар Сурия" онро ҳидоят мекарданд.

 АКИ Пресс навишт: «Ҳадаф аз фаъолиятҳои ин гурӯҳи террористӣ бесубот кардани шароити иҷтимоиву сиёсӣ аз тариқи таҷҳизи гурӯҳҳои харобкоре дар Қирғизистон будааст. Аъзои ин гурӯҳ дар воқеъ роҳзанони бособиқае ҳастанд, ки дар урдӯгоҳҳои як созмони террористии байналмилалӣ таҳти омӯзишҳои хоси террористӣ қарор гирифтаанд».

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бидуни ишора ба теъдоди аъзои ин гурӯҳ, ки ба силоҳҳои гарм ҳам дастрасӣ доштаанд, афзудааст: «Иқдомоти амалиётӣ ва таҳқиқотӣ барои мушаххас кардани ҳувияти аъзои ин гурӯҳи ҷинояткор идома дорад».

Баъд аз мудохилаи низомии Амрико ва сарнагунии Толибон дар соли 2001 дар Афғонистон, падидаи терроризм ва фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Осиёи Марказӣ афзоиш ёфтааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп