Эътироз ба вогузории заминҳои марзии Қирғизистон ба Узбекистон
(last modified Thu, 22 Apr 2021 07:23:12 GMT )
Апрел 22, 2021 12:23 Asia/Dushanbe
  • Қирғизистони мӯътариз мегӯяд тасмим ба вогузории хоки Қирғизистон ба дигар кишварҳо танҳо дар салоҳияти Парлумон аст
    Қирғизистони мӯътариз мегӯяд тасмим ба вогузории хоки Қирғизистон ба дигар кишварҳо танҳо дар салоҳияти Парлумон аст

Теъдоди зиёде аз муҳоҷирони корӣ ва шаҳрвандони қирғизистонии сокини Русия ба вогузории заминҳои кишварашон ба Узбекистон мухолифат карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, ин шаҳрвандони Қирғизистон дар кампанияи ба унвони "ман мувофиқ нестам"  ва "ман ҳақ дорам" эътирози худро ба вогузории заминҳои марзии кишварашон ба Узбекистон эълом карданд.

Эътирозчиён мегӯянд, ки вогузории сарзаминҳо ба кишвари дигар бояд дар чорчӯби қонун ва бо ҳамоҳангии Парлумон бошад ва ҳеч мақоми дигаре наметавонад ин иқдомро анҷом диҳад.

 

Онҳо таъкид карданд: "Хоки Қирғизистон мулки шахсии Комитети Давлатии Амнияти Миллӣ нест. Ин бахш ҳақ надорад бидуни ризояти мардум ва парлумон дар бораи ҳама чиз тасмим бигирад ва ба ин хотир Раиси кумитаи иёлатии Амнияти Миллӣ Қомчибек Ташиев бояд аз вазифаи худ истеъфо диҳад."

Эътирозоти шаҳрвандони қирғиз пас аз он аст, ки дар поёни моҳи март мақомоти Бишкек эълом карданд тамоми ихтилофоти марзии Қирғизистон  ва Узбекистон бартараф шудааст.

Ташиев дар ин замина гуфт: "Акнун ҳеч минтақаи мавриди муноқишае байни ду кишвар вуҷуд надорад, қирғизистон ва Узбекистон протоколи табодули сарзаминҳоро имзо карданд." 

Бо имзои ин қарордод бархе аз шаҳрвандони Қирғизистон вогузории обанбори Андиҷон ба Узбекистонро бузургтарин иштибоҳи ин кишвар унвон карданд ва хостори посухгӯии мақомоти Қирғиз шуданд.

Бо ин ҳол Раиси кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, ки рӯзе мардум тавофуқ дар марз бо Узбекистонро як воқеаи таърихӣ мехонанд.

 

Бештар бихонед: