Барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, генералҳо вориди амал мешаванд
Раисони кумитаҳои давлатии Амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон мавзӯи аломатгузории марзи муштараки ду кишварро баррасӣ мекунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Азия плюс, генерал Саидмуъмин Ятимов ва генерал Қамчибек Тошиев дар дидоре, ки рӯзи 16 март дар шаҳри Гулистон дар вилояти Суғд анҷом мешавад, дар бораи раванди аломатгузории марзи муштараки ду кишвар баҳсу табодули назар хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки нишастҳои қаблии ду тараф барои ҳалли ихтилофоти марзии таҳти раёсати муовинони нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мешуд.
Дар соли 2020 ба далели густариши вируси корона музокироти марзии ду кишвар мутаваққиф шуда буд.
Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, токунун фақат 506 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.
Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст, ки дар мавридҳои мӯҷиби даргирӣ миёни сокинони рустоҳои марзӣ низ мешавад.
Бештар бихонед: