Март 16, 2021 12:11 Asia/Dushanbe
  • Дар пайи густариши корона гузаргоҳҳои марзии Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак баста шуд
    Дар пайи густариши корона гузаргоҳҳои марзии Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак баста шуд

Сокинони рӯстоҳои марзии ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки вилояти Ош аз мақомоти ду кишвар дархост кардаанд, ки барои бозгушоии гузаргоҳҳои марзӣ миёни ин манотиқ иқдом кунанд.

Ба гузориши сомонаи Тоҷвик, онон мегӯянд, ки қабл аз баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни ин ду ноҳия, тоҷикҳо аз Қирғизистон бензин ва ангишт ворид мекарданд ва қирғизҳо низ аз тоҷикҳо маводи ғизоӣ мехариданд, ки дар муқоиса бо бозорҳои кишварашон арзонтар буд.

Дар пайи густариши вируси корона гузаргоҳҳои марзӣ миёни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд баста шуд, ки ин рӯйдод ба иқтисоди хонаводаҳои марзнишини Тоҷикистону Қирғизистон хисороти фаровон ворид кард.

Аз сӯи дигар Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд пас аз дидор бо Омурбек Субҳоналиев, раиси ҷадиди вилояти Ботканд эълом кард, ки дар ҷашни Наврӯз ду гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон бозгушоӣ хоҳад шуд.

Пешбинӣ мешавад, ин мавзӯ дар дидори аъзои Камиссиюни муштараки аломатгузории марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз имрӯз дар шаҳри Гулистон вилояти Суғд оғоз мешавад, баррасӣ шавад.

Мақомоти гумруки вилояти Суғд эълом кардаанд, ки танҳо дар марзи 40 километрии миёни ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, вилояти суғд ва ноҳияи Лайлаки вилояти Ош 164 гузаргоҳ барои убӯри қочоқчиён вуҷӯд дорад, ки то пеш аз таъини таклифи комили хутути марзии ду кишвар бастани ин масирҳо ғайримумкин аст.

Дар пайи ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳали ихтилофоти марзӣ, токунӯн фақат 506 километр аз марзи 970 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: