Сохти шаҳри ҳӯшманд дар шимоли Ишқобод
(last modified Thu, 18 Mar 2021 17:24:28 GMT )
Март 18, 2021 22:24 Asia/Dushanbe
  • Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз сохти як шаҳри нави ҳӯшманд дар шимоли Ишқобод воқеъ дар минтақаи Ахал боздид кард
    Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз сохти як шаҳри нави ҳӯшманд дар шимоли Ишқобод воқеъ дар минтақаи Ахал боздид кард

Раиси ҷумҳӯри Туркманистон аз сохти як шаҳри нави ҳӯшманд дар шимоли Ишқобод воқеъ дар минтақаи Ахал боздид кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз АКИ пресс,Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов аз сохти як шаҳри нави ҳӯшманд дар шимоли Ишқобод воқеъ дар минтақаи Ахал боздид кард .   

  Ҳамчунин дар ин шаҳр як меҳмонхонаи дараҷаи як ба номи Қароқум ва  маркази тиҷорӣ дар пойтахт ва парки бузурге ба номи «Лочин» дар наздикии фурӯдгоҳи байналмиллалии Ишқобод сохта хоҳад шуд.

  Раиси давлат бо тамаркуз бар муҳити зист ва фазои сабз ба мудирони марбута дастуротеро барои ин имконот содир кард .

  Бердимуҳаммадов аз маҳали сохту сози шаҳри ҷадид, ки ба маркази минтақаи Ахал  табдил хоҳад шуд, боздид кард .

   Дар ин маҷмӯъа манотиқи маскӯнӣ, як маркази кӯдакон, сохтмонҳои идорӣ ва саноъатӣ, китобхона, театр, музей низ вуҷуд дорад . Зерсохтҳои иҷтимоии дигаре низ монанди муассисоти омӯзишӣ ва муроқибатҳои беҳдоштӣ, имконоти варзишӣ низ дар дастури кор аст .

 Қарор аст сирк ва мактаби байналмиллалии парвариши асб дар шаҳри ҷадид сохта шавад.

  Раиси ҷумҳӯр гуфт : Таҷрибаи сохти ин шаҳр ҷое ки беш аз 15 ҳазор мутахассис дар ҳоли ҳозир машғӯл ба кор ҳастанд метавонад дар як пружаи бузурги дигар дар сохти Ишқобод истифода шавад .

 

   Бештар бихонед :