Поёни ихтилофоти марзии Қирғизистон ва Ӯзбакистон
(last modified Sat, 27 Mar 2021 15:35:08 GMT )
Март 27, 2021 20:35 Asia/Dushanbe
  • Дигар ҳеч минтақаи мавриди муноқишае байни Узбакистон ва Қирғизистон вуҷуд нахоҳад дошт
    Дигар ҳеч минтақаи мавриди муноқишае байни Узбакистон ва Қирғизистон вуҷуд нахоҳад дошт

Раиси Кумитаи иёлатии амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, дигар ҳеч минтақаи мавриди муноқиша дар марзи ин кишвар ва Узбакистон вуҷуд надорад.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи иёлатии амнияти миллии Қирғизистон дар як конфаронси матбуотӣ дар ин бора изҳор дошт: Дигар ҳеч минтақаи мавриди муноқишае байни Узбакистон ва Қирғизистон вуҷуд нахоҳад дошт.

Вай таъкид кард: Протокол пас аз музокира байни Садир Ҷабборов ва Шавкат Мирзиёев, раисони ҷумҳурии Қирғизистон ва Узбакистон имзо мешавад.

Тошиев гуфт: Музокирот осон набуд ва то посӣ аз шаб идома дошт. Ҳар метр замин ҳам барои Қирғизистон ва ҳам барои Узбакистон аҳамият дошт, бинобарин ёфтани роҳи ҳал осон набуд. Аммо ин дарк вуҷуд дошт, ки мо душмани якдигар нестем ва дар ин робита набояд молбохтае вуҷуд дошта бошад.

Вай хотирнишон кард: Ин протокол равишеро барои табодули замин дар назар гирифтааст,ки  дар миёни мардум набояд афроди норозӣ вуҷуд дошта бошад.

Раиси Кумитаи иёлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт: Ҳангоми тақсими манобеи об, манофеи ҷамъияти ду кишвар дар назар гирифта шуд.

 

Бештар бихонед: