Зариф бо Раиси Ҷумҳурии Узбакистон дидор кард
Вазири умури хориҷаи Эрон ва Раиси ҷумҳурии Узбакистон дар Тошканд дидор ва дар мавриди густариши муносиботи ду кишвар ройзанӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо," Муҳаммадҷаводи Зариф", вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти ҷумҳурии Узбекистон дар Тошканд ба сар мебарад рӯзи душанбе бо " Шавкат Мирзиёев " раисҷумҳури ин кишвар дидор ва дар хусуси мавзӯъоти мавриди алоқаи ду кишвар гуфтугӯ ва табодули назар кард.
Зариф дар ин дидор бо ташреҳи охирин таҳаввулоти равобити Теҳрон - Тошканд дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, бар алоқамандии Эрон ба тавсеаи ҳамкориҳо бо Узбекистон таъкид кард.
Раиси Ҷумҳурии Узбекистон, низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти равобити ду кишвар ва зарурати густариши ҳамкориҳои дуҷониба, баргузории чаҳордаҳумин даври камиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Узбекистон дар фосилаи замонии кӯтоҳтарро хостор шуд.
Зариф ва Мирзиёев дар ин дидор илова бар мавзӯоти дуҷониба, таҳаввулоти марбут ба раванди сулҳ дар Афғонистон ва ҳамчунин ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои байналмилалиро баррасӣ карданд.
Бештар бихонед: