Зариф вориди Бишкек шуд
(last modified Tue, 06 Apr 2021 06:46:26 GMT )
Апрел 06, 2021 11:46 Asia/Dushanbe
  • Зариф инчунин рӯзи душанбе дар ҷараёни сафараш ба Тошканд бо раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард
    Зариф инчунин рӯзи душанбе дар ҷараёни сафараш ба Тошканд бо раисҷумҳур ва вазири корҳои хориҷии Узбакистон дидор ва гуфтугӯ кард

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чорчӯби сафари минтақавӣ вориди Бишкек шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон «Муҳаммадҷаводи Зариф»   дар чорчӯби сафари минтақавӣ ба ҳамроҳи ҳайате ворид « Бишкек » пойтахт Қирғизистон шуд. 

 Қарор аст дар ин сафари Зариф дар маҳалли иқоматгоҳи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон дар «Аларча» ибтидо бо вазири умури хориҷаи Қирғизистон «Руслан Қазоқбоев» ва сипас бо  Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷабборов дидор ва баъд аз он дар як конференсияи хабарӣ ширкат кунад.

Дар поён, вазири хориҷаи Эрон дар идомаи сафари минтақавӣ «Бишкек »-ро ба мақсади « Нурсултон» тарк хоҳад кард.

Зариф рӯзи душанбе низ дар сафар ба Тошканд бо раисҷумҳур ва вазири хориҷаи Узбекистон дидор ва гуфтугӯ кард.

 

Бештар бихонед:

Барчасп