Вазирони хориҷаи Эрон ва Қирғизистон дар Бишкек дидор карданд
(last modified Tue, 06 Apr 2021 07:09:55 GMT )
Апрел 06, 2021 12:09 Asia/Dushanbe
  • Вазири корҳои хориҷии Эрон дар доираи сафари минтақавӣ ба Бишкек ташриф овард
    Вазири корҳои хориҷии Эрон дар доираи сафари минтақавӣ ба Бишкек ташриф овард

Вазири умури хориҷаи Исломии Эрон дар дидор бо ҳамтои қирғизистониаш дар Бишкек, бар густариши муносиботи дуҷониба таъкид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии садоии хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммадҷаводи Зариф, ки дар дувумин мақсади сафараш ба чаҳор кишвари Осиёи марказӣ дар пойтахти Қирғизистон Бишкек  ба сар мебарад, рӯзи сешанбе бо «Руслан Қаззоқбоев» вазири умури хориҷаи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. 

Зариф дар дидор бо ҳамтои қирғизистонӣ, ноамнӣ ва бесуботӣ дар Афғонистон ва густариши ифротгароӣ ва тероризмро таҳдидҳои муштарак дар минтақа хонд. 

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин дар ин дидор зимни ибрози хурсандӣ аз ҳузур дар Қирғизистон аз меҳмоннавозии давлат ва мардуми ин кишвар қадрдонӣ кард ва баргузории муваффақиятомези интихоботи ахири Қирғизистонро табрик гуфт.   

Зариф бо ишора ба равобити амиқ ва торихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии байни мардуми Эрону мардуми минтақаи Осиёи марказӣ изофа кард: Имкон баҳрабардорӣ аз шароити минтақа барои густариши тавсеаи иқтисодӣ ва дастрасии Қирғизистон ба обҳои байналмилалӣ ва транзити манофеи муштараки Теҳрон ва Бишкек аст. 

Вазири умури хориҷаи Эрон дар чорчӯби сафари минтақавӣ вориди «Бишкек» шуд.

 

Бештар бихонед: