Апрел 06, 2021 19:01 Asia/Dushanbe
  • Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи 5 апрел сафари худ ба Осиёи Марказиро оғоз кард
    Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи 5 апрел сафари худ ба Осиёи Марказиро оғоз кард

Вазири умури хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар Бишкек дидор ва дар мавриди густариши муносиботи дуҷониба бо вай ройзанӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар дидор  бо Садир Ҷабборов зимни табрики интихоби вай ба раёсати ҷумҳурии Қирғизистон, ба зарфиятҳои мавҷуд барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф ишора ва аз Ҷабборов барои тавваҷуҳ ба равобити дуҷониба қадрдонӣ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва тамаддунии ду кишвар, рифоҳ, амният ва оромиши мардуми Қирғизистонро барои Эрон боаҳамият арзёбӣ кард.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон низ дар ин дидор бо таъкид бар аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон, вуҷуди зарфияти боло барои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба хусус дар ҳавзаҳои кишоварзӣ, тавлиди дору ва сохтусозро ёдовар шуд.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ҳамчунин аз кумакҳои инсондӯстонаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар заминаи муқобила бо вируси корона қадрдонӣ кард.

Зариф дар идомаи сафари минтақаӣ дар Осиёи Марказӣ, аз Тошканд вориди Бишкек шуд ва пас аз он ба Ишқободи Туркманистон меравад.

 

Бештар бихонед: