Дидори вазири хориҷаи Эрон бо раиси ҷумҳурии Қазоқистон дар Нурсултон
(last modified Wed, 07 Apr 2021 15:45:45 GMT )
Апрел 07, 2021 20:45 Asia/Dushanbe
  • Зариф Қазоқистонро аз кишварҳои дӯсту ҳамсояи Эрон дар Хазар донист
    Зариф Қазоқистонро аз кишварҳои дӯсту ҳамсояи Эрон дар Хазар донист

Вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар сеюмин истгоҳи сафари давраии худ ба Осиёи Марказӣ, меҳмони қазоқҳост, имрӯз бо раиси ҷумҳурии Қазоқистон дидор ва дар бораи таҳаввулоти минтақаӣ, БарҶом ва раванди сулҳ дар Афғонистон гуфтугӯ кард.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф, ки барои табодули назар бо мақомоти Қазоқистон дар Нурсултон ба сар мебарад, бо Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон дидор ва дар хусуси мавзӯоти мавриди алоқаи ду кишвар гуфтугӯ кард.

Вазири умури хориҷаи Эрон дар ин дидор Қазоқистонро аз кишварҳои дӯсту ҳамсояи Эрон дар Хазар донист ва наздикии мавозеи ду кишвар дар мавзӯоти минтақаӣ ва байналмилалиро боаҳамият арзёбӣ кард.

Зариф ҳамчунин талош барои ёфтан масирҳои ҳамкории пойдор барои ҳифзу густариши равобити дуҷониба миёни Теҳрон ва Нурсултонро зарурӣ донист.

Қосим Ҷоомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон низ дар ин дидор бо таъкид бар таърихи муштарак ва аҳамияти тавсеаи ҳамкориҳо бо Эрон, Ҷумҳурии исломии Эронро шарики калидии Қазоқистон дар минтақа донист ва бар густариши ҳамаҷонибаи равобит дар бахшҳои иқтисодиву сиёсӣ таъкид кард.

Таҳаввулоти БарҶом ва раванди сулҳ дар Афғонистон аз дигари мавзӯоти мавриди гуфтугӯ дар ин дидор буд.

 

Бештар бихонед: