Декабр 02, 2023 12:44 Asia/Dushanbe
  • Паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба раиси чумҳури Қазоқистон

Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёме кушта шудани шуморе аз шаҳрвандони Қазоқистон бар асари оташсӯзиро ба Қосимжомарт Тақоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон таслият гуфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Раҳмон дар робита бо оташсӯзии хобгоҳи Алмаато, ки мунҷар ба кушта ва захмӣ шудани афрод шуд, ибрози таассуф кард.

 Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар баёнияе гуфт: Барои хонаводаҳо ва дӯстони қурбониён сабр ва барои маҷрӯҳон шифои оҷил орзу мекунам.

 Дар замони оташсӯзӣ 72 нафар дар хобгоҳи Алмаато буданд. Дар ҳамон замон 59 нафар аз онҳо тавонистанд фирор кунанд, вале 13 нафар ҷон бохтанд.

  9 нафар аз кушташудагон қазоқистонӣ, ду нафар аз  Русия ва ду нафар низ шаҳрванди Узбакистон ҳастанд.

 

Барчасп