Дидори Зариф бо раиси ҷумҳӯрии Туркманистон
(last modified Thu, 08 Apr 2021 14:35:10 GMT )
Апрел 08, 2021 19:35 Asia/Dushanbe
  • Туркманистон охирин мақсади сафари минтақаии вазири хориҷаи Эрон ба Осиёи марказӣ буд
    Туркманистон охирин мақсади сафари минтақаии вазири хориҷаи Эрон ба Осиёи марказӣ буд

Вазири умури хориҷаи Эрон дар Ишқобод бо раиси ҷумҳӯрӣ ва вазири хориҷаи Туркманистон дидору гуфтугу кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар охирин марҳила аз сафар ба кишварҳои Осиёи марказӣ рӯзи панҷшанбе дар Ишқобод бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳӯрии Туркманистон дидору гуфтугу кард.

   Вазири умӯри хориҷаи Эрон дар ин дидор бар аҳамияти равобити ду кишвари ҳамсоя таъкид кард ва густариши ин равобитро дар бахшҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хостор шуд.

  Раиси ҷумҳӯрии Туркманистон низ дар ин дидор бо ҳимоят аз тавсеъаи равобит дар ҳавзаҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бар азми Ишқобод барои густариши ҳамкориҳо бо Теҳрон таъкид кард.

    Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин дар дидор бо Рашид Меридов- ҳамтои туркманистонии худ дар бораи охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба, мавзӯъоти минтақаӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар гуфтугу ва табодули назар кард.

  Зариф сафари худ ба Осиёи марказиро рӯзи 5 апрел аз Узбекистон шурӯъ кард ва пас аз дидор аз Қирғизистону Қазоқистон, дар охирин мақсади худ ба Туркманистон рафт.

 

  Бештар бихонед :