Ҳузури 12 дарсад раъйдиҳандагон дар ҳамапурсии Қонуни асосиии Қирғизистон
(last modified Sun, 11 Apr 2021 12:39:15 GMT )
Апрел 11, 2021 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 12 дарсад раъйдиҳандагон дар ҳамапурсии Қонуни асосиии Қирғизистон
    Ҳузури 12 дарсад раъйдиҳандагон дар ҳамапурсии Қонуни асосиии Қирғизистон

То ҳол 12 дарсад овоздиҳандагон дар раъйпурсии конститутсионии Қирғизистон ширкат кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, то соати 14 зуҳр ба вақти « Бишкек » беш аз 12 дарсад аз интихобкунандагон дар ҳамапурсии Қонуни асосии Қирғизистон ширкат карданд. 

Ситоди интихоботии Қирғизистон эълом кард дар маҷмӯ 3 миллиону 318 ҳазору 130 нафар барои интихоби намояндагони шӯрои маҳаллӣ ва 3 миллиону 606 ҳазору 201 нафар барои ҳамаи пурсии қонуни асосӣ аз ҷамъияти ин кишвар метавонад дар ин интихобот ширкат кунанд.

Хотирнишон мешавад, ки тибқи омори мунташиршуда то соати 14 дар минтақаи Иссиқкул 18/7  дарсад барои қонуни асосӣ ва 18/8  дарсад барои шӯрои маҳаллӣ ва дар Бишкек низ 9, 95 дарсад барои шӯрои  маҳаллӣ ва 12, 90 дарсад барои қонуни асосӣ раъй дода шудааст. 
  
  
  
  Бештар бихонед :