Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Қонуни асосиро табрик гуфт
6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба навиштаи сомонаи “President.tj”, роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони чорабинӣ, шаҳрвандони кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати ин санаи воқеан тақдирсозу таърихӣ самимона табрику шодбош гуфтанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба нақши муҳими Конститутсия дар барпо кардани давлатдории навини тоҷикон ва расидан ба ваҳдати миллӣ андешаронӣ намуданд.
Эмомалӣ Раҳмонтаъкид кард, “30 соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии давлати мо аз имтиҳони бисёр ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифаҳо ва арзишҳое, ки ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид”.
Бояд гуфт, ҳамасола рӯзи 6 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Қонуни асосӣ ҷашн гирифта мешавад.
26 сол қабл, дар 6 ноябри соли 1994 воқеаи бузург дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дод. Барои аввалинбор дар таърихи беш аз ҳазор соли давлати дорӣ, мардуми Тоҷикистон Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи ҳамапурсии саросарӣ тасвиб карданд.
Имсол аз қабули Қонуни асосӣ (Конститутсия)-и Тоҷикистон 30 сол пур шуд. Қонуни асосӣ се сол пас аз эълони истиқлоли давлатӣ, аммо ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози гуфтушуниди сулҳ, 6-уми ноябри соли 1994 бо райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Навиштаи сомнаи Азия Плюс, дар 30 сол ба қонуни асосии кишвар 3 маротиба (1999, 2003 ва 2016) тағйиру иловаҳо ворид гардид.
Мардуми кишвар дар ин корзори муҳими сиёсӣ мушорикати фаъол доштанд ва 6 ноябри соли 1994, Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории 87.59 дарсади оро тасвиб шуд.
Қонуни асосии Тоҷикистон шомили 10 фасл ва 100 мода аст, ба унвони яке аз беҳтарин Қонуни асосӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Мутобиқи Қонуни асосӣ, «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад».
Бинобар ин, ҷашни Рӯзи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябр) яке аз аслитарин идҳои миллии мардуми Тоҷикисон аст.
Радиои тоҷикии Садои Хуросон ҳам ин рӯзро ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон табрик мегуяд.