Апрел 18, 2021 15:55 Asia/Dushanbe
  • Табибони қирғиз Тоҷ-ал-Мулук (Аканит) -ро ҳамчун заҳрноктарин гиёҳ дар Қирғизистон тавсиф мекунанд
    Табибони қирғиз Тоҷ-ал-Мулук (Аканит) -ро ҳамчун заҳрноктарин гиёҳ дар Қирғизистон тавсиф мекунанд

Дар пайи иқдоми мақомоти расмии Қирғизистон дар тарвиҷи истифодаи решаи гиёҳ дар табобати Ковиди 19, коршиносони пизишкӣ дар ин кишвар аз заҳролудшавӣ ва хатар ҳушдор доданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ахиран масрафи як решаи гиёҳӣ барои дармони коронаро муфид дониста ва вазири беҳдошти ин кишвар низ эълом кардааст, ки Қирғизистон аз ин доруи  гиёҳӣ барои дармони Ковид - 19 истифода хоҳад кард. 

" Алим Қодир Бишаналиев " ( Beishenaliyev ) вазири беҳдошти Қирғизистон барои нишон додани бехатар будани ин доруи гиёҳӣ 16 апрел дар як нишасти онлайн маҳлули таҳияшуда аз решаи ин гиёҳро нӯшид ва иддао кард: Афроди мубтало ба корона бо аломатҳои хафиф бо масрафи ин дору  як рӯза  беҳбуд пайдо мекунанд ва афрод бо алоими шадид бояд се то чаҳор рӯз  онро масраф кунанд. 

Вай афзуд, ки ин нусхаи дармониро падари  Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷабборов дар ихтиёри пизишкон қарор додааст. 

Ин изҳорот бо вокуниши пизишкон ва коршиносони дармонӣ дар Қирғизистон рӯ ба рӯ шуда ва " Бермет Барыктабасова " Bermet Baryktabasova мушовири собиқи вазорати беҳдошти ин кишвар, гиёҳи тоҷ ал-мулук ( аконит дар русӣ )-ро заҳролудтарин гиёҳ дар Қирғизистон тавсиф кардааст.  

Вай таъкид кардааст, ки ҳатто масрафи камтарин миқдори усораи ин гиёҳ  таъсироти манфии зиёде бар бадан дорад ва фард мумкин аст ба суръат  бимирад.

Ин дарҳолест, ки Қирғизистон ба мавҷи ҷадиде аз корона ворид шуда ва давлати ин кишвар изъон кардааст, ки ин авзоъ мӯҷиби фишори шадид бар низоми беҳдошт ва дармон шудааст. 

 Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамзамон бо таблиғи ин доруи  гиёҳӣ аз мардуми кишвараш хостааст, ки ниқоб пӯшанд ва ҳатман аз ваксинаи корона истифода кунанд. 

Қирғизистон то кунун беш аз 90 ҳазор мавриди ибтило ва беш аз ҳазору 500 марги ношӣ аз коронаро эълом кардааст.  

Барчасп