Апрел 25, 2021 10:43 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев бо эҳдои лавҳи сипос аз хадамоти Содиқ Имомӣ дар таҳкими муносиботи дуҷониба қадрдонӣ кард
    Мирзиёев бо эҳдои лавҳи сипос аз хадамоти Содиқ Имомӣ дар таҳкими муносиботи дуҷониба қадрдонӣ кард

Сафири Тоҷикистон дар Узбакистон ба зудӣ иваз карда мешавад: давоми охирин рӯзҳои корияш ӯ бо мақомоти ин кишвар як қатор мулоқотҳо баргузор мекунад.

Ба иттилои Тоҷвик, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев сафири Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфт.

Мулоқот ба анҷоми қарибулвуқӯи фаъолияти дипломатии сафир баргузор шудааст. Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо дипломати тоҷик сатҳи олии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва шарикии Тошканд ва Душанберо қайд кард.

Содиқ Имомӣ ба президенти Узбакистон барои баҳо ва дастгирии баланд ба фаъолияти ӯ изҳори миннатдорӣ кард. Дипломати тоҷик дар идома таъкид кардааст, ки дар оянда вай барои бечунучаро амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳо барои таҳкими муносибатҳои бародаронаи Тоҷикистон ва Узбакистон саъй хоҳад кард.

Барои хидматҳои бузургаш дар расидан ба сатҳи олии муосири муносибатҳои дуҷониба ва саҳми шахсӣ дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, раисҷумҳури Узбакистон  сафир Содиқ Имомиро бо дипломи фахрии Узбакистон сарфароз гардондааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп