Июн 15, 2024 13:07 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар заминаи маъдан ва ҳамлу нақл санади ҳамкорӣ имзо карданд

Дар ҷараёни сафари раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ ба Узбакистон беш аз 20 тафоҳумнома ва санади ҳамкорӣ дар заминаи маъдан ва хатти оҳан миёни Сеул ва Тошканд имзо шуд.

Бар асоси ин гузориш, Узбакистон аз маъданҳои муҳиме бархурдор аст ва ин манобеъ мавриди таваҷҷуҳи саноеъи пешрафтаи Кореяи ҷанубӣ қарор дорад.

 Раисҷумҳури Кореяи ҷанубӣ дар нишасти муштараки хабарӣ дар Тошканд гуфт: Ду кишвар тавофуқ карданд то бо таркиби манобеъи маъдании фаровони Узбакистон ва фановарии пешрафтаи Кореяи ҷанубӣ, ҳамкори муштараки худро ба ҳаддиаксар бирасонанд.

 Дар ин дидор ду тараф ҳамчунин дар замина ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл ва ҳимояти молии ширкатҳои Кореяи ҷанубӣ дар мавриди иҷрои проектҳои роҳи оҳани Узбакистон, санади ҳамкорӣ ва тафоҳумнома имзо карданд.

 

 

Барчасп