Июн 24, 2024 13:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Эрон ва Баҳрайн
    Ҳамкории Эрон ва Баҳрайн

Ҷумҳурии исломии Эрон ва Баҳрайн дар баёнияи муштарак бар эҷоди созукорҳои лозим барои оғози гуфтугӯҳои ду кишвар бо ҳадафи баррасии чигунагии азсаргирии равобити сиёсӣ тавофуқ карданд.

Ин баёнияи муштарак дар пайи музокираи Алӣ Боқирии Канӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ва вазири умури хориҷаи Баҳрайн мунташир шудааст.

Дар ин баёния гуфта шудааст: Дар чорчӯби равобити таърихии бародаронаи подшоҳии Баҳрайн ва Ҷумҳурии исломии Эрон ва пайвандҳои динӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муштарак ва манофеи мутақобили байни онҳо, Абдуллатиф бин Рошид Аззиёнӣ, вазири умури хориҷаи Баҳрайн ва Алӣ Боқирии Канӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи якшанбеи сеюм тирмоҳ (23 июн) дар Теҳрон ба муносибати сафари вазири умури хориҷаи Баҳрайн ба Ҷумҳурии исломии Эрон ва ба даъвати сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Эрон барои ширкат дар нишасти Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё, дидоре дуҷониба доштанд.

Паёмади ройзаниҳои гузаштаву омодагии Манома барои густариши равобит бо Теҳрон музокироти мақомоти Эрону Баҳрайн оғоз шуду тарафайн бар беҳбуди равобити дуҷониба таъкид карданд.

Вазири умури хориҷаи Баҳрайн ба манзури ширкат дар иҷлоси Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё ( ACD ) вориди Теҳрон шуд ва бо Алӣ Боқирии Канӣ дидоре дуҷониба дошт.

Маҷмаи гуфтугӯи ҳамкории Осиё ( ACD ) дар соли 2002 ташкил гардиду дабирхонаи он дар Кувайт қарор дорад. 35 кишвари осиёӣ, шомили Эрон, Таиланд, ҳамчунин Кувайт, Баҳрайн, Арабистон, Қатар, Иморот, Уммон, Фаластин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон узви ин маҷмаъ мебошанд. Ҷумҳурии исломии Эрон аз меҳрмоҳи 1402 ба муддати як сол раёсати ин маҷмаъро бар уҳда гирифтааст.

Ҳамд бин Исо оли Халифа, подшоҳи Баҳрайн дар ҷараёни сафари ахираш ба Маскав гуфт: Ҳеҷ далеле барои ба таъвиқ афтодани одисозии равобит бо Эрон вуҷуд надорад. Носири канъонӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон низ аз мавзеъгирии подшоҳи Баҳрайн истиқбол кард ва бар густариши равобити ду кишвар таъкид кард.

Ба дунболи бархе сӯитафоҳумҳо, Баҳрайн соли 2016 сафири худро аз Теҳрон фаро хонду равобити ду кишвар қатъ шуд. Аммо бо идомаи сиёсатҳои муваффақу таъсиргузори минтақаии Эрон, равобити Эрону Арабистон беҳбуд пайдо карду ду кишвар равобити дуҷонибаро аз сар гирифтанд. Давлати Манома низ нишонаҳои мусбате барои оғози равобит ба Теҳрон ирсол карду мақомоти ду кишвар музокироти худро оғоз карданд.

Мутавозинсозии сиёсати хориҷӣ, мубтанӣ бар асли на шарқӣ, на ғарбӣ аз муҳимтарин идеяҳои сиёсати хориҷии ин давлат аст, ки аз муҳимтарин заруратҳои он ҳифзи истиқлоли кишвар дар айни тавваҷуҳ ва таъкид бар равобит бо кишварҳои Шарқ ва Ғарб аст.

Ҳимояти бешоибаи Эрон аз ҷараёни муқовимат дар минтақа, тавваҷуҳ ба ҳамкориҳои дуҷониба бо кишварҳои ҳамсоя, таъкид бар ҷилавгирӣ аз мудохилаи бегонагону аҳамият додан ба нақшофаринии кишварҳои минтақа барои ҳалли мушкилоту аҳамият бахшидан ба тавоноиҳои иқтисодии дохилӣ ва зарфиятҳои қобили тавваҷуҳи мухталифи ҳамсоягон, азҷумлаи усули мавриди таъкиди мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон будааст.

Рӯйкарди Эрон дар сиёсати хориҷӣ, бавижа дар солҳои ахир мавриди тавваҷуҳи кишварҳои ҳамсоя қарор гирифтааст ва ин мавзӯъ шароитро барои беҳбуду густариши равобити дуҷонибаву минтақаӣ фароҳам кардаст. Даври ҷадиди музокирот ва гуфтугӯҳои дуҷонибаи Эрону Баҳрайн низ намоде аз таъсиргузории дипломатияи Теҳрон дар таҳаввулоти минтақаиву байналмилалӣ аст.

 

Барчасп