Апрел 25, 2021 17:23 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкории парлумони Қирғизистон бо Созмони Милал
    Густариши ҳамкории парлумони Қирғизистон бо Созмони Милал

Раиси Маҷлиси Қирғизистон бо намояндаи доими Созмони Милал дар ин кишвар дидор ва тавсеаи равобит ва ҳамкориҳои парлумонӣ таъкид кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раиси порлумони Қирғизистон «Талант Мамитов» бо намояндаи доими барномаи тавсеъаи Созмони Милали Муттаҳид «Луиза Чемберлен» дидор ва гуфтугӯ кард. 

 

 Дар ин дидор тарафайн ба натоиҷи мусбати ҳамкории байни Қирғизистон ва барномаи тавсеъаи Созмони милал дар тарҳҳои « демократии порлумонии қавӣ ва фарогир» ва иқдомоти муштараки анҷомшуда дар чорчӯби иҷроии роҳбурди тавсеаи порлумон бо ҳадафи беҳбуди фаъолиятҳои он ишора карданд. 

Намояндаи доими Созмони Милал низ дар ин дидори иттилоотӣ дар мавриди фаъолиятҳои феълии созмон дар заминаи тавсеаи иқтисодӣ - иҷтимоӣ, беҳдошт ва дармон, иқтисоди сабз, диҷиталӣ шудан, баробарии ҷинсиятӣ ва барномаҳои ҳамкории бештар бо порлумонро ироа кард.  

Раиси порлумони Қирғизистон ҳам гуфт: Пас аз ҳамапурсӣ дар мавриди пешнависи Қонуни асосии Қирғизистон, бисёре аз фаъолиятҳои ҷиддӣ ба дастгоҳи қонунгзорӣ ( порлумон ) супурда шудааст то тамоми ҳанҷорҳои қонуниро бо Қонуни асосӣ мутобиқат диҳад. 
  
  
  Бештар бихонед: 

Барчасп