Апрел 27, 2021 18:43 Asia/Dushanbe
  • Як мақоми вилояти Суғд гуфтааст, агар Қирғизистон ихтилофоти марзиро ба об иртибот диҳад Тоҷикистон низ посух хоҳад дод
    Як мақоми вилояти Суғд гуфтааст, агар Қирғизистон ихтилофоти марзиро ба об иртибот диҳад Тоҷикистон низ посух хоҳад дод

Як мақоми масъул дар вилояти Суғд эълом кард, ки агар Қирғизистон ихтилофоти марзиро ба мавзӯи об иртибот диҳад Тоҷикистон низ посух хоҳад дод.

Ба гузориши сомонаи Тоҷ вик, дар посух ба эъломи Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ки ахиран аз тарҳи сохти сад бар рӯдхонаи марзии Хоҷабақирғон хабар дод, як мақоми масъул дар вилояти Суғд бидуни ифшои номаш гуфт, ки Тоҷикистон низ саҳми оби кишвари ҳамсоя аз сади Қайроққумро қатъ хоҳад кард.

Як рӯз қабл Тошиев дар дидор бо сокинони вилояти Ӯш гуфт: «мо қасд дорем, ки дар ноҳияи Лайлак як сад бисозем, ки оби мавриди ниёзи кишоварзони минтақаро таъмин хоҳад кард. Зеро оби шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров саддарсад аз ҳисоби рӯдхонаи марзӣ аз қаламрави Қирғизистон таъмин мешавад, дар ҳоле, ки кишвари ҳамсоя аз мо об мегирад ва заминҳои кишоварзии Қирғизистон об надорад.»

Дар пайи ин ибрози назари Тошиев як мақоми масъули вилояти Суғд низ эълом кард: «Қирғизистон фаромӯш кардааст, ки дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғуфуров истгоҳи обкашӣ аз сади Қайроққум фаъолият мекунад, ки оби мавриди ниёзи сокинон ва бахши кишоварзии ноҳияи Лайлаки вилояти Ӯшро таъмин мекунад.»

Ин мақоми вилояти Суғд бо баёни ин ки зарфияти ин истгоҳи обкашӣ наздик ба 3.5 метри мукааб дар сония мебошад пурсидааст: «Чӣ гуна Қирғизистон мехоҳад барои Тоҷикистон мушкили об ба вуҷӯд оварад дар ҳоле, ки ки истгоҳи обкашии ин кишвар дар хоки вилояти Суғд фаъолият мекунад? »

Дар ҳафтаҳои ахир бо вуҷӯди талошҳои расмӣ барои рафъи ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон, тарҳи мавзӯҳое чун вогузории Ворух ба Қирғизистон ва эҷоди маҳдӯдият дар истифода аз манобеи обии марзӣ, шиддат ёфтааст.

 

 

Бештар бихонед :

 

Барчасп