Канорагирии Назарбоев аз Ассамблеяи халқи Қазоқистон
(last modified Thu, 29 Apr 2021 09:19:51 GMT )
Апрел 29, 2021 14:19 Asia/Dushanbe
  • Назарбоев аз соли 1995 инҷониб раиси Ассамблеяи халқии Қазоқистон мебошад
    Назарбоев аз соли 1995 инҷониб раиси Ассамблеяи халқии Қазоқистон мебошад

Раиси Ҷумҳурии собиқи Қазоқистон канорагирии худро аз Раёсати маҷмаи халқи ин кишвар эълом кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, Раиси Ҷумҳурии собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҷаласаи маҷмаъи халқ бо ишора ба раёсати худ бар ин маҷмаъ аз соли 1995, хабари канорагириашро эълом кард. 

Назарбоев , Қосим Ҷоомарт Токаев Раиси Ҷумҳурии кунунии Қазоқистонро ба унвони раиси ҷадиди маҷмаъи мардумии ин кишвар муаррифӣ кард. 

 Раиси Ҷумҳурии Қазоқистон ба Назарбоев пешниҳод дод раёсати ифтихории маҷмаъро бар ӯҳда дошта бошад. 

Нурсултон  Назарбоев тибқи Қонуни асоси Қазоқистон метавонад раёсати доимии маҷмаъи мардумиро бар ӯҳда дошта бошад, аммо вай тарҷеҳ додааст маҷмаъ ба унвони нишони ҳимоят аз раиси ҷумҳурии феълӣ, Токаевро ба раёсати худ интихоб кунад.

 

Бештар бихонед: