Нақзи оташбас дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон пас аз тавофуқи оташбаси рӯзи гузашта, дубора имрӯз ноором шуд.
Ба гузориши манобеи маҳаллӣ, ҷониби Қирғизистон эълом кард, зуҳри рӯзи шанбе низомиёни тоҷик ба самти манотиқи маскунӣ дар минтақаи Лейлек дар вилояти Ботканд оташ гушӯданд.
Аммо манбаи Sputnik Тоҷикистон бино ба иттилои мақомоти тоҷик, тирандозӣ дар марзро рад намуда, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон тибқи тавофуқи ҳосилшуда, мошинҳои низомӣ ва нерӯҳоро аз марз берун кашид, аммо тавре мушаххас шуд, ҷониби Қирғизистон ҳанӯз ин корро анҷом надодааст.
Аз сӯи дигар бо гузашти беш аз як шабонарӯз аз даргирии марзии Тоҷикистону Қирғизистон тозатарин оморҳо аз афзоиши талафоти ин ҷанг хабар медиҳанд.
Ализа Солтонбекова, Вазорати тандурустии Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ хабар дод, ки дар маҷмӯъ, тибқи маълумот, дар ҷараёни муноқишаи марзӣ 163 қирғизистонӣ маҷрӯҳ шуда, 31 нафар фавтидаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки ҷониби Тоҷикистон то ҳол омори расмиро дар бораи захмиҳо ва кушташудаҳо пешниҳод накардааст. Тибқи баъзе гузоришҳо, тақрибан 100 нафар маҷрӯҳ шуда, то омода кардани хабар 15 нафар фавтиданд.
Ин дар ҳоле аст, ки бино ба навиштаи сомонаи Ховар, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қирғизи худ Содир Ҷабборов барои бори дувум дар 24 соат суҳбати телефонӣ анҷом доданд.