Май 01, 2021 18:54 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистону Қирғизистон дар хоки Қирғизистон анҷом шуд
    Дидори мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистону Қирғизистон дар хоки Қирғизистон анҷом шуд

Дар ду дидори ҷудогона дар қаламрави ноҳияҳои Ботканд ва Лейлек мақомоти амниятӣ ва интизомии Қирғизистону Тоҷикистон мавзӯи аломатгузории марзи муштарак ва бозгардондани нерӯҳо ба маҳали истиқрори доими онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба гузориши сомонаи АКИпресс, дар дидори нахуст ба раёсати Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон ҳайатҳои Камиссиюни муштараки аломатгузории марзии ин ду кишвар бар зарурати поён додан ба ихтилофот ва ҳалли ҳарчӣ зӯдтари мушкили таъини хатҳои марзӣ таъкид карданд.

Саймумин Ятимов дар ин маврид гуфт: “Имрӯз дар натиҷаи музокирот, мо ба тавофуқоти усулӣ барои таъмини сулҳу оромӣ дар қаламрави Қирғизистону Тоҷикистон расидем. Ман бовар дорам, ки мо метавонем дар наздиктарин фурсат тамоми мушкилотро ҳал кунем, то ки мардумони мо чун ҳамеша дар фазои дӯстиву якдигарфаҳмӣ зиндагӣ кунанд”.

Қамчибек Тошиев низ гуфт: “Имрӯз мардумони мо рӯзҳои сахтеро мегузаронанд, даврони буҳрониро. Дар мо фоҷиа рух дод, фоҷиаи ду кишвар. Барои мо бисёр душвор буд, ки дар ин рӯзҳо мулоқот кунему корро пеш барем,  вале бо вуҷуди ин ҳама бо дастури сарони кишварҳоямон мо  ин нишастро гузаронидем. Дар натиҷа тавофуқ кардем, ки  даргириҳои мусаллаҳона комилан қатъ мешавад ва неруҳоро аз марз берун мекашем".

Дар дидори дувуми муовинони вазирони корҳои дохилаи Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ карданд, ки нерӯҳои интизомии вилояти Суғд таҳти кантроли Нозим иброҳимзода ва вилояти Ботканд ба раёсати Суюн Умурзоқов барои барқарории амният фаъолият кунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп