Вокуниши раиси ҷумҳӯри Қирғизистон ба ҳаводиси ахири марзӣ
(last modified Mon, 03 May 2021 07:12:18 GMT )
Май 03, 2021 12:12 Asia/Dushanbe
  • Раиси ҷумҳӯри Қирғизистон аз мардуми кишвараш хост таҳти таъсири расонаҳои ғаразварз қарор нагиранд
    Раиси ҷумҳӯри Қирғизистон аз мардуми кишвараш хост таҳти таъсири расонаҳои ғаразварз қарор нагиранд

Раиси ҷумҳӯри Қирғизистон дар изҳороти ҷадиде дидгоҳи худро дар бораи даргирии ахири марзӣ бо Тоҷикистон иброз кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз дафтари матбӯотии раёсати ҷумҳӯрии Қирғизистон, Содир Ҷабборов дар изҳороти ҷадид таъкид кард, ки даргирии марзии рӯзҳои 28 то 30 майи имсол дар марз бо Тоҷикистон тамомияти арзӣ ва истиқлоли Қирғизистонро бо таҳдиди ҷиддӣ рӯ ба рӯ кард, аммо нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бо иқдомоти саривақтӣ нагузоштанд мунозиъа густариш ёбад ва муваффақ ба дифоъ аз қаламрави хеш шуданд.

Ин изҳороти раиси ҷумҳурии Қарзистон дар ҳоле аст,ки бар асоси изҳороти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тарафи Қирғизистон сабабгори оғози ин даргирӣ мебошад.  

  Зимнан Ҷабборов дастур додааст бо таъсиси як комиссиюни вижа ҷиҳатҳои ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор гирад .

    Вай аз мардуми Қирғизистон низ дархост кардааст, ки бо ҳифзи оромиш ба зиндагии хеш идома диҳанд ва таҳти таъсири таблиғоти расонаҳои ғаразварз қарор нагиранд .

  Бинобар эъломи Вазорати тандурустии Қирғизистон дар даргирии рӯзи 29 апрел миёни марзбонони тоҷику қирғиз 36 шаҳрванди ин кишвар кушта ва 200 нафар низ захмӣ шудаанд. Аз тарафи Тоҷикистон низ даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

    

  Бештар бихонед :