Гоми баланди Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сӯи тавофуқи марзӣ
Раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон эълом кард, ки ҳайатҳои музокиракунандаи Бишкек ва душанбе талош мекунанд то 9 май, тавофуқи аломатгузории 112 километр аз марзи муштараки ду кишварро омода кунанд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи 24 ,kg , генерал Қомчибек Ташиев гуфтааст, ки мақомоти тоҷик ва қирғиз дар дидори рӯзи душанбе тасмим гирифтанд, ки то рӯзи нуҳуми май тавофуқи аломатгузории 112 километрии марзи муштараки Тоҷикистон ва Қирғизистон омода шавад то ин тавофуқ дар сафари Садир Ҷабборов ба Душанбе ба имзоии сарони ду кишвар бирасад.
Дар пайи ду даҳаи музокирот барои ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, токунун фақат бар сари аломатгузорӣ 506 километр аз марзи 976 километрии муштараки байни ду кишвар тавофуқ ҳосил шудааст, вале дар ин миқдор низ ҳанӯз хатти марзӣ таъин нашудааст.
Ихтилофи назари мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз манотиқи марзӣ дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд, аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.
Бештар бихонед: