Май 04, 2021 17:15 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷаласаи давраии Шӯрои ҳамоҳангии Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тошканд

Дар рӯзҳои 27 то 30 апрели соли 2021 дар шаҳри Тошканд дар мақари Кумитаи иҷроии сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, ҷаласаи давраии Шӯрои ҳамоҳангкунандаи милли(ШҲМ)-и Созмони Ҳамкории Шанхай(СҲШ) ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор шуд.

Ба гузориши сомонаи Ховар, дастури кори ҷаласа шомили беш аз 60 мавзӯ буд.

Дар мавриди омодагӣ ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ 13-14 июли соли 2021 дар Душанбе, ки ҷониби Тоҷикистон дар чорчӯби он баргузор намудани ҷаласаи Гурӯҳи тамоси “СҲШ-Афғонистон”-ро дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ пешниҳод кард, табодули афкор сурат гирифт. Дар ин радиф лоиҳаи Нақшаи чораҳои амалии мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон баррасӣ гардид. 

Давлатҳои узви СҲШ аз қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони “Ҳамкории СММ бо СҲШ”, ки онро Тоҷикистон пешбарӣ карда буд, истиқбол намуда, натиҷаҳои чорабинии тахассусии сатҳи баланди СҲШ ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткориро, ки таҳти ҳамраисии ҷонибҳои Тоҷикистон ва Россия баргузор шуд, баланд арзёбӣ карданд. 

Тавофуқ шуд, ки дар чорчӯби ҷаласаи навбатии ШҲМ СҲШ чорабинии махсуси ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узв бо намояндагони ваколатдори вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ баргузор шавад.

Бояд гуфт, ки ШҲМ фаъолияти умумии СҲШ-ро ҳамоҳанг менамояд. Раёсати Тоҷикистон таҳти шиори “20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ” мегузарад. 

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп