Қазоқистон содироти сӯхтро мамнуъ кард
(last modified Wed, 05 May 2021 13:11:47 GMT )
Май 05, 2021 18:11 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимол дорад ин мамнуияти содироти сӯхт аз Қазоқистон, Тоҷикистонро таҳти таъсир қарор диҳад
    Эҳтимол дорад ин мамнуияти содироти сӯхт аз Қазоқистон, Тоҷикистонро таҳти таъсир қарор диҳад

​​​​​​​Вазорати энержии Қазоқистон бо судӯри ҳукме содироти бензин, сӯхти дизел ва бархе фаровардаҳои нафтӣ аз ин кишварро мамнӯъ кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, бар асоси ин дастур содироти бензин, сӯхти дизел ва анвоъи мухталифе аз фаровардаҳои нафтии Қазоқистон аз тариқи роҳ ба муддати шаш моҳ мамнӯъ аст.

Вазорати энержии Қазоқистон ин иқдомро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз камбуди фаровардаҳои нафтӣ дар бозори дохилии ин кишвар анҷом медиҳад.

Мамнуияти содироти сӯхт аз Қазоқистон дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон бахши бузурге аз сӯхти худро аз ин кишвар ворид мекунад.

Бар ин асос эҳтимол дорад, ин мамнуияти содироти фаровардаҳои нафтӣ аз Қазоқистон бозори сӯхтро дар Тоҷикистон таҳти таъсир қарор диҳад.

Ҳудӯди ду моҳи пеш низ ҳамзамон бо коҳиши воридоти сӯхт аз Қазоқистон, нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.

 

Бештар бихонед: