Ҷабборов қонӯни асосии ҷадиди Қирғизистонро имзо кард
(last modified Wed, 05 May 2021 13:54:23 GMT )
Май 05, 2021 18:54 Asia/Dushanbe
  • Бо ин ислоҳот раисиҷумҳури Қирғизистон акнӯн бар давлат султаи комил ёфтааст
    Бо ин ислоҳот раисиҷумҳури Қирғизистон акнӯн бар давлат султаи комил ёфтааст

​​​​​​​Раисиҷумҳури Қирғизистон нусхаи ҷадиде аз қонӯни асосии ин кишварро имзо кард, ки дар ҳамапурсии саросарии 11 апрел тасвиб шуда буд.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, дар маросими имзои қонӯни асосии ҷадид, ки ба сурати зинда дар шабакаҳои телевизиюнии Қирғизистон пахш шуд, Сидир Ҷаббор, раисиҷумҳури ин кишвар гуфт, қонӯни асосии ҷадид бо таваҷҷуҳ ба чолишҳое нигориш шудааст, ки дар ин мақтаи замонӣ барои Қирғизистон аҳаммият дорад ва мунъакискунандаи арзишҳое аст, ки миллати қирғиз гиромӣ медоранд ва иддиалҳое, ки ба унвони як ҷомеъа хоҳони он ҳастанд.

Ҳамапурсии Қирғизистон барои ислоҳи қонӯни асосӣ ва равандҳои интихобот 11 апрел бо мушорикати андаке беш аз 37 дарсади мардуми Қирғизистон баргузор шуд, ки дар он 79 дарсади афрод ба нафъи ислоҳот раъй доданд.

Ислоҳоти қонӯни асосии Қирғизистон ихтиёроти раёсатҷумҳуриро ба тарзи қобили таваҷҷӯҳе афзоиш медиҳад, дар ҳоле, ки ихтиёри порлумонро маҳдӯд карда ва аъзои онро аз 120 узв ба 90 нафар коҳиш додааст.

Бо ин ислоҳот раисиҷумҳури Қирғизистон акнӯн бар давлат султаи комил ёфта ва ихтиёри насбу азли вазиронро дорад ва дар воқеъ Қирғизистон аз ҳолати ҷумҳурии раёсатӣ - порлумонӣ ба раёсатӣ тағйири равия додааст.

 

Бештар бихонед: