Тавофуқи Тоҷикистон ва Қирғизистон барои сохти роҳи Ворух ба Хоҷа Аъло
Пас аз нишасти рӯзи чаҳоршанбе 5 май ҳайатҳои музокиракунандаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ноҳияи Ботканд эълом шуд, ки ду тараф дар бораи сохти роҳи мустақим миёни ҳокимияти Ворух ба рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара ба тавофуқ расиданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, нигаҳдорӣ аз ин масири ҷадид, ки заминаи иртиботи мустақим миёни фармондории Ворух ба рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфараро бидуни вуруд ба рустои Тангии ноҳияи Ботканд фароҳам месозад бар ӯҳдаи ду тараф аст.
Ба гурӯҳҳои нақшабардорӣ дастур дода шудааст, ки то рӯзи аввали июни имсол тарҳи фаннии ин роҳро таҳия кунанд, ки билофосила сохти ин роҳ оғоз шавад.
Ҳамчунин тарафҳо бар истифода аз нақшаҳои ҷуғрофиёии солҳои 1924 ва 1927 ва тасмими комиссияи байнидавлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 1989 барои таъини хутути марзӣ миёни рустоҳои ноҳияи Исфара ва Бобоҷон Ғафуров аз як сӯ ва ноҳияи Ботканд аз сӯи дигар таъкид карданд.
Ба ин манзур гурӯҳҳои нақшабардории муштарак аз рӯзи 17 май кори худро оғоз мекунанд.
Қаблан эълом шуд, ки ки то рӯзи нуҳуми май тавофуқи аломатгузории 112 километр аз марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон омода мешавад то ин тавофуқ дар сафари Садир Ҷабборов ба Душанбе ба имзои сарони ду кишвар бирасад.
Дар даргирии рӯзи 29 апрел миёни марзбонони тоҷик ва қирғиз аз ҳар ду тараф беш аз 50 нафар кушта ва ҳудуди 300 нафар низ захмӣ шуданд.
Бештар бихонед: