Апрел 08, 2023 20:17 Asia/Dushanbe
  • Нишасти коргурӯҳҳои нақшабардории марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Нишасти коргурӯҳҳои нақшабардории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.

Нишасти навбатии ҳайатҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини ҳудӯди марзҳои давлатӣ дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон баргузор шуд.

Тарафайн дар ҷаласа дар мавриди ҳудӯди марзҳои давлатии ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Нишасти баъдии гуруҳҳои корӣ дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Бо вуҷӯди ду даҳа музокироти мақомоти ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ, фақат 520 километр аз марзи 976 километрии Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

 

Барчасп