Истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон аз раисиҷумҳури Қирғизистон
(last modified Tue, 29 Jun 2021 11:47:43 GMT )
Июн 29, 2021 16:47 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон аз раисиҷумҳури Қирғизистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар «Қасри Миллат» ба таври расмӣ аз ҳамтои қирғизистонии худ истиқбол кард.

Содир Ҷабборов, раисиҷумҳури Қирғизистон имрӯз дар шаҳри Душанбе бо гузоштани гулчамбар дар пояи Исмоили Сомонӣ, ба мақоми вай адои эҳтиром кард.

Сипас Содир Ҷабборов дар маҳали «Қасри Миллат» мавриди истиқболи расмии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифт.

Пас аз навохта шудани сурӯди миллии Қирғизистону Тоҷикистон, раисони ҷумҳурии ду кишвар сипас ҳайатҳои олирутбаи ҳамроҳро ба якдигар муаррифӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷабборов пас аз поёни маросими истиқболи расмӣ, вориди маҳали дидори хусӯсии дуҷониба шуданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфт, Душанбе омодаи баҳсу баррасии масоил ва мавзуоти мухталифи равобити дуҷониба аст.

Раисиҷумҳури Қирғизистон низ бо ибрози хушҳолӣ аз ин сафар, гуфт, мардуми ду кишвар дар 28 - 29 апрели соли ҷорӣ сахттарин марҳалаи равобитро пушти сар гузоштанд ва ин умедворӣ вуҷӯд дорад, ки ончӣ иттифоқ афтод, дигар такрор нашавад.

Ҷабборов Қирғизистону Тоҷикистонро ду кишвари ҳамсоя ва бародар унвон кард ва хостори беҳбуди равобити дуҷониба шуд.

Пас аз дидори хусӯсии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷабборов, нишасти ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор ва дар мавриди муҳимтарин мавзуоти равобити дуҷонибаибаҳсу табодули назар карданд.

Қарор аст, дар поёни музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон 4 санади ҳамкорӣ имзо кунанд.

Бештар бихонед: