Нахустин сафари Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон
Садир Ҷабборов бори нахуст ба унвони Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар мекунад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, вай тайи рӯзҳои 28 ва 29 июни соли ҷорӣ барои дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Тоҷикистон ба ин кишвар сафар хоҳад кард.
Сафари Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом хоҳад шуд, ки равобити ду кишвар тайи 30 соли ахир ба поинтарин сатҳ расидааст.
Пас аз даргирии хунини марзи рӯзҳои 28 ва 29 апрели соли ҷорӣ миёни низомиёни ду кишвар дар манотиқи мавриди ихтилоф дар ноҳияҳои Исфара ва Ботканд, ки беш аз 56 кушта ва наздик ба 300 захмӣ аз ду тараф барҷой гузошт, Қирғизистон тамоми марзҳои заминӣ ва ҳавоии худ бо Тоҷикистонро баст ва вуруди тоҷикҳо ба ин кишвар низ мамнӯъ шуд.
Акнун интизор меравад, ки дар дидори Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Ҷабборов мушкилоти муносиботи дуҷониба, аломатгузории марзҳои муштарак, бозгушоии гузаргоҳҳои марзӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.
Бештар бихонед: