Июн 29, 2021 09:02 Asia/Dushanbe
  • Сафари раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон
    Сафари раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон

Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон дар нахустин сафари расмии худ ба Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар Фурудгоҳи  байналмилалии шаҳри «Душанбе » аз Раиси Ҷумҳурии Қирғизистон «Содир Ҷабборов», нахуствазири Тоҷикистон «Қоҳрир Расулзода» ва сойири мақомоти расмии ин кишвар истиқбол карданд.

29 июн дар маҳалли «Қасри миллат» маросими истиқболи расмӣ аз раиси ҷумҳурии Қирғизистон  баргузор хоҳад шуд.

Дидори хусусии руасои ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон  « Эмомалӣ Раҳмон » ва «Содир Ҷабборов» ва музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар аз муҳимтарин меҳварҳои ин сафар эълом шудааст.

Интизор меравад, ки дар дидори хусусӣ ва дар музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар ихтилофоти марзӣ ҳал шавад.

Дар ин сафар Ҷабборовро вузарои умури хориҷа, иқтисод  ва дороӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, ҳаводиси ғайримутараққиба, фарҳанг, иттилооту варзиши Қирғизистон ҳамроҳӣ мекунанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп