Мамнуъияти фурӯшу иҷораи замин ба хориҷиҳо дар Қазоқистон
(last modified Thu, 06 May 2021 18:58:23 GMT )
Май 06, 2021 23:58 Asia/Dushanbe
  • 14 апрел порлумони Қазоқистон пешнависи ислоҳоти қонуни заминро, ки ба имзои раиси ҷумҳӯр расида будро, тасвиб кард .
    14 апрел порлумони Қазоқистон пешнависи ислоҳоти қонуни заминро, ки ба имзои раиси ҷумҳӯр расида будро, тасвиб кард .

Намояндагони порлумони Қазоқистон бо ислоҳоти маҷлиси Сенати ин кишвар дар мавриди мамнӯъияти комили фурӯшу иҷораи замин ба шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқат карданд .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Қосимжомарт Тоқоев-раиси ҷумҳӯри Қазоқистон хостори қонунӣ шудани масъалаи мамнӯъияти фурӯшу иҷораи қаламрави ин кишвар ба шаҳрвандони хориҷӣ шуда буд .

    14 апрел порлумони Қазоқистон пешнависи ислоҳоти қонуни заминро, ки ба имзои раиси ҷумҳӯр расида будро, тасвиб кард .

Дар 15 апрел маҷлис ин пешнависро бо ислоҳоти хоси худ тасвиб кард . Намояндагони маҷлис ба ин қонуни мусаввабаеро дар мавриди иҷораи замин ба хориҷиҳо барои ҷангалкорӣ ба муддати 25 сол ворид карданд, ки дар натиҷа боиси норизоятии теъдоде аз фаъолони қазоқ шуд .

Сафархон Умаров-вазири кишоварзии Қазоқистон қабл аз ин эълом кард, ки санади мазкур мамнӯъияти комили ироаи заминҳои кишоварзӣ ба хориҷиҳо ва ширкатҳои хориҷӣ, ширкатҳои қазоқӣ бо саҳҳоми хориҷӣ, афроди бидуни шаҳрванлӣ, марокизи илмӣ бо мушорикати байн алмиллалӣ ва ҳамчунин ба қаззоқҳои бозгашта ба ватани торихии худ пешбинӣ мекунад .

Илова бар ин  бар асоси ин санад замони иҷораи заминҳои кишоварзӣ, ки дар ихтиёри хориҷиҳо ва ширкатҳои қазоқӣ бо саҳҳоми хориҷӣ қарор доранд, қобили тамдид нест ва танҳо то поёни муҳлати иҷора дар ихтиёри онҳо хоҳад буд .

Бинобар суханони вай  дар ҳоли ҳозир заминҳои кишоварзии Қазоқистон ба 7 шахси ҳуқуқӣ бо мушорикати хориҷӣ иҷора дода шудааст . Ҳаҷми куллии ин заминҳо 74 . 4 ҳазор гектарро ташкил медиҳад .

 

   Бештар бихонед :