Эъломи азои умумӣ дар Афғонистон
(last modified Tue, 11 May 2021 06:45:52 GMT )
Май 11, 2021 11:45 Asia/Dushanbe
  • Ҳодисаи террористӣ дар мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо дар остонаи хуруҷи Амрико аз Афғонистон рух дод
    Ҳодисаи террористӣ дар мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо дар остонаи хуруҷи Амрико аз Афғонистон рух дод

Раиси Ҷумҳурии Афғонистон дар пайи ҳамлаи террористӣ ба донишомӯзони мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо дар ғарби шаҳри Кобул имрӯз (сешанбе)-ро азои умумӣ эълом кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, Ашраф Ғанӣ гуфт: Мардуми Афғонистон  ҳамчунон дар сӯги шуҳадои  ин ҳодиса ба сар мебаранд ва дар тамоми дастгоҳҳои иҷроӣ барои қурбониёни ин ҳамла  маросими фотиҳахонӣ баргузор хоҳад шуд. 

Рӯзи шанбе бар асари инфиҷорҳои террористӣ муқобили мадрасаи духтаронаи Сайид-уш-Шуҳадо дар ғарби Кобул  85 тан  кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ шуданд. 

Ҳодисаи террористии мадрасаи  Сайид-уш-Шуҳадо дуруст дар остонаи хуруҷи Амрико аз Афғонистон сурат мегирад.

 

Бештар бихонед: