Май 11, 2021 17:44 Asia/Dushanbe
  • Ҷонатан Ҳеник, муовини дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ
    Ҷонатан Ҳеник, муовини дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Марказӣ

Муовини дастёри вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, Вашингтон омодааст барои ҳалли мусолиматомези таниши марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳар кумаки лозимеро ироа кунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҷонатан Ҳеник (Jonathan Henick), муовини дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умӯри Осиёи Марказӣ, дипломатияи умумӣ ва матбуот, дар вебинари Шӯрои Антлантикаи Вашингтон гуфт: «Амрико аз охирин таҳаввулот байни Тоҷикистону Қирғизистон, яъне поёни даргирии мусаллаҳона, хушҳол аст.»

Вай дар айни ҳол таъкид кард, Амрико гумон намекунад мушкил ҳалу фасл шуда бошад ва барои бозгашти мардум ба хонаҳои худ ва оғози сохту сози биноҳои хароб шуда ниёз ба сулҳ ва субот аст.

Тибқи гуфтаҳои муовини дастёри вазири умӯри хориҷаи Иёлоти муттаҳида, Вашингтон аз тариқи сафоратхонаҳояш дар Бишкек ва Душанбе бо раисони ҷумҳури Қирғизистону Тоҷикистон дар тамос аст.

Henick зимни эъломи омодагии Амрико ба кумак барои ҳалу фасли мусолиматомези низоъ гуфт, Вашингтон аз раҳбарони ду кишвар хостааст то масъулятро худ бар дӯш гиранд ва шароити лозимро барои такрор нашудани ҳодисаҳои мушобеҳ дар оянда фароҳам кунанд.

Пештар низ Русия барои миёнҷигарӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон эъломи омодагӣ карда буд, аммо ду кишвар эълом карданд ниёзе ба ҳузури тарафи сеюм дар мунозиъа нест ва худ метавонанд мушкили ба вуҷӯд омадаро ҳал кунанд.

Бештар бихонед:

Барчасп