Таҳлил: Идомаи иқдомоти таҳрикомези Амрико дар Осиёи Марказӣ
(last modified Sun, 08 May 2022 07:04:50 GMT )
Май 08, 2022 12:04 Asia/Dushanbe
  • Муруре бар рафторҳои мақомҳои Кохи Сафед аз  эҷоди бесуботӣ ва бӯҳрон дар Осиёи Марказӣ
    Муруре бар рафторҳои мақомҳои Кохи Сафед аз эҷоди бесуботӣ ва бӯҳрон дар Осиёи Марказӣ

Бо вуҷӯди шикастани тавтиаҳои пай дар пайи Амрико дар Осиёи Марказӣ, мақомҳои Вашингтон бо иқдомоти таҳрикомез, ҳамчунон дар саддади бесуботӣ дар ин минтақаи муҳим ва ҳасос аз ҷаҳон ҳастанд.

Дар се даҳаи гузашта, давлати Амрико дар заминаи эҷоди инқилобҳои рангӣ дар бархе аз ҷумҳӯриҳои вобаста ба булуки шарқ аз ҷумла Қирғизистон, Гурҷистон, Украина ва Қазоқистон ноком мондааст. Аммо бо талошҳои таҳрикомез, ҳамчунон ба таҳқиқ ҷоталабиҳои худ дар ҷумҳуриҳои ҳошияи Русия меандешад.

Муруре бар рафторҳои мақомҳои Кохи Сафед аз  эҷоди бесуботӣ ва бӯҳрон дар Осиёи Марказӣ ва дигар ҷумҳӯриҳои  ҳаммарз бо Русия ворид кардани хисорот ба Русия ва дигар кишварҳои мустақили фаъол дар ин минтақа бидуни сарфи ҳазина ё бо камтарин ҳазина аст.

Дар идомаи иқдомҳои таҳрикомез дар ҷумҳӯриҳои булуки шарқии собиқ, мақомҳои ин кишвар миллионҳо доллар ба манзури тақвияти тавони низомии Тоҷикистон ихтисос додаанд.

Бриҷит Вокер муовини дипламатии Амрико дар Душанбе бахше аз кумакҳои мавриди назари ин кишварро ба Вазорати дифоъи Тоҷикистон таҳвил додааст. Пеш аз ин дар моҳи октиябри соли 2021 мелодӣ, сафорати Амрико 20 дастгоҳи худрави низомӣ ба арзиши 1.4 миллион доллар ба Тоҷикистон таҳвил дода буд. Маҷмӯъи кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон дар бахши амниятӣ аз соли 1992 мелодӣ, 330 миллион доллар эълом шудааст.

Кумакҳои ахир ва ҷории давлатҳои ғарбӣ ба ҷумҳӯриҳои Осиёи Марказӣ алал хусӯс кумакҳои ахири Амрико ба Тоҷикистонро метавон бахше аз иқдомоти таҳрикомезӣ кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико алайҳи Русия ва дигар кишварҳои мустақил дар сатҳи ин минтақа қаламдод кард.

Дар ин замина Қодир Малаков коршиноси умури динӣ ва сиёсӣ дар Қирғизистон гуфтааст: Бо таваҷҷӯҳ ба ҳамҷавории Осиёи Марказӣ бо Эрон, Русия ва Чин амнияти ин тарафҳо вобастагии мустақим ба якдигар доранд. Бо вуҷӯди ин густариши ноамниҳо ва бесуботӣ дар Осиёи Марказӣ дар чорчӯби манофеъи Амрико ва дигар давлатҳои ғарбӣ қарор дорад.

Бадеҳи аст, ки ҳамин иқдомоти таҳрикомези давлатҳои ғарбӣ ба ҷанги Украина ва Русия мунтаҳи шудааст.

  • Таҳлил: Пасларзаҳои ҷанги Украина дар Ғарби Осиё

  • Дар ҳоли ҳозир давлатҳои ғарбӣ бо баҳрабардорӣ аз ҷанги Украина , кампайни зидди русиро дар сатҳи байналмиллали ташдид кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки таҳқиқоти майдонӣ ва мавзеъгириҳои давлатҳои минтақа ва ҳатто коршиносон ва маҳофили сиёсии мустақил ҳамагӣ аз талошҳои номашрӯъи Амрико ва муттаҳидонаш дар ин минтақа ҳикоят дорад. Дар ин росто, Амрико ва муттаҳидонаш талоши бештарро ба кор гирифтаанд то бо густариши НАТО ба самти шарқ, нуфӯзи худро то пушти марзҳои Русия густариш диҳанд.

Дар вокуниш ба ин иқдом, аз ҳамон ибтидо мушахас буд, ки мақомҳои Маскав, ки дар ин замина борҳо ба давлатҳои ғарбӣ ҳушдор дода буданд, сукӯт накарда ва вокуниши ҷидди нишон хоҳанд дод. Дар ин миён  тардиде нест ҳамкориҳои раиси ҷумҳӯри Украина бо давлатҳои ғарбӣ, на танҳо манофеъи мардуми ин кишвари Аврупои Марказиро таъмин ва тазмин накардааст, балки ин кишварро ба самти нобудии комил равона медиҳад.

Дар ҳақиқат раиси ҷумҳӯрии Украина ҳозир шудааст ба манзури манофеъи Амрико ва бархе аз давлатҳои аврупоӣ, кишварашро ба ҷанг бо Русия тарғиб кардааст, ки баъид аст то даҳаҳои оянда бозсозӣ шаванд. Ба иборати дигар давлатҳои ғарбӣ бо камтарин ҳазина тавонистаанд Русияро дар ҷанге даргир кунанд, ки боиси оворагии миллионҳо тан аз атбои Украина шудааст.

Ҷанги Украина бо Русия танҳо як намунае аз иқдомоти номашрӯъ ва таҳрикомези Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа алайҳи Русия аст. Дар ин росто ба назар мерасад, ки дипламатҳои амрикоӣ қасд доранд мушобеҳи ин иқдомоти таҳрикомезро дар Осиёи Марказӣ анҷом диҳанд. Пеш аз ин низ дипламатҳои амрикоӣ бо сарфи ҳазинаҳои андак талош кардаанд то боқи мондаи аъзои гурӯҳи террористии ДОИШ-ро ба Афғонистон ва ҷумҳӯриҳои Осиёи Марказӣ бозгардонанд.

  • Ҳамин иқдоми Амрико нишон медиҳад, ки як  нерӯи муҳим ва таъсиргузори Кохи Сафед дар Осиёи Марказӣ, ташдиди фаъолиятҳои ифротгароён ва аъзои вобаста ба ҷараёнҳои такфирӣ ва террористӣ аст.

Бадеҳи аст, ки бархе аз давлатҳои Осиёи Марказӣ назири Тоҷикистон ва Қирғизистон, ба делили мушкилоти музоафи молӣ ва фақри иқтисодӣ, мумкин аст ба ҳар пешиниҳоде аз тарафи  давлатҳои бегона ва хориҷ аз минтақа тан диҳанд. Дипламатҳои амрикоии муқими Осиёи Марказӣ бо огоҳи аз ин воқеъият ва бидуни таваҷҷӯҳ ба авоқиби  талошҳои таҳикомези худ, талош мекунанд давлатҳои ин минтақаро алайҳи кишварҳои мустақили назири Эрон, Русия ва Чин таҳрик кунанд.

Дар ин замина танҳо ҳушёрии давлатҳо ва миллатҳои Осиёи Марказӣ метавонад авоқиби талошҳои номашрӯъи Амрикоро дар ин минтақаи ҳасос хунсо кунанд.

 

Бештар бихонед: