Як пойгоҳи дигари низомиёни Амрико дар Кобул тахлия шуд
Нерӯи вижаи артиши Афғонистон эълом кард, пойгоҳи амрикоии Мурҳед (Moorhead)дар наздикии Кобул тахлия ва ба давлати Афғонистон таҳвил дода шуд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, дар иттилоияи нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон омадааст, ки ин пойгоҳи 14 сол пеш барои нерӯҳои амрикоӣ таъсис шуда буд ва рӯзи гузашта ба нерӯҳои Афғонистон вогузор шуд.
Бар асоси эъломи артиш, нерӯҳои хориҷӣ аз ин пойгоҳ барои омӯзиши нерӯҳои афғон истифода мекарданд.
Ҳайбатуллоҳ Ализей, фармондеҳи воҳиди ягонҳои вижаи Артиши Афғонистон дар маросими таҳвили ин пойгоҳи низомӣ гуфт, нерӯҳои афғон бидуни шак метавонанд ба таври мустақил бо душманони Афғонистон мубориза кунанд.
Мурҳед (Moorhead) сеюмин пойгоҳи нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аст, ки дар наздик ба ду ҳафтаи гузашта ба нерӯҳои афғон вогузор шудааст.
Пеш аз ин пойгоҳи «Онтонтик» маҳали истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар вилояти Ҳилманд ва пойгоҳи «Mike Espen», вижаи нерӯҳои олмонӣ дар Балх ба нерӯҳои афғон вогузор шуда буд.
Раванди хурӯҷи низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон аз аввали моҳи май ба таври расмӣ оғоз шуда ва қарор аст, тамомии нерӯи хориҷӣ то 11 сентябри Афғонистонро тарк кунанд.
Бештар бихонед:
- Афзоиши 37 дарсадии ҳамла ба низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон
- Интиқоди шадиди Маскав аз нақшофаринии манфии Амрико дар Афғонистон
- Ҳушдори Толибон ба Амрико: то аввали май Афғонистонро тарк кунед