Май 13, 2021 19:48 Asia/Dushanbe
  • Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон
    Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон

Раиси ҷумҳӯри Узбекистон бо судури ҳукме ба муносибати иди саиди Фитр 100 зиндонӣ дар ин кишварро афв кард .

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шавкат Мирзиёев-раиси ҷумҳӯри Узбекистон бо судури ҳукме ба муносибати иди саиди Фитр 100 зиндонӣ дар ин кишварро афв кард .

  Бар асоси ин гузориш ин афрод шомили зиндониёне мешавад, ки дар муддати ҳабс изҳори надомат карда ва дар ин муддат бештарини ҳамкориро бо маъмурони зиндон доштанд .

Бар асоси дастури раиси ҷумҳӯр  3 нафар ба таври комил аз зиндони озод шуданд ба 43 нафар озодии  шартнок дода шдўбаҳи муҷозоти 10 нафари ҳам тахфӣф дода шуд; ҳамчунин муддати маҳкумияти 44 нафар низ коҳиш ёфт .

12 нафар шаҳрванди хориҷӣ, 4 нафар марди болои 60 сол, 6 нафар зан ва 52 нафар аъзои собиқи созмонҳои мамнӯъшуда аз ҷумлаи афвшудагон ҳастанд .

Тибқи фармони ёдшуда созмонҳои марбута ва  ҳокимияти вилоятҳои ҳар минтақа муваззаф ҳастанд, то бештарин хадамотро ба ин афрод барои баргаштан ба ҷомеъаву созгории иҷтимоӣ анҷом диҳанд .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп