Пешниҳоди Ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба тоҷикҳо барои парвоз ба Маскав
(last modified Wed, 19 May 2021 05:20:02 GMT )
Май 19, 2021 10:20 Asia/Dushanbe
  • Нархи чипта барои ҳар як мусофир дар масири Тошканд ба Маскав наздик ба 400 доллар аст, дар Тоҷикистон бошад аз 700 то 1300 долларро ташкил медиҳад.
    Нархи чипта барои ҳар як мусофир дар масири Тошканд ба Маскав наздик ба 400 доллар аст, дар Тоҷикистон бошад аз 700 то 1300 долларро ташкил медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии Узбакистон ба шаҳрвандони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки бо хатсайрҳои чартерӣ ба Маскав сафар кунанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ширкати Uzbekistanи Airways, атбоъи Тоҷикистон метавонанд бо автобус аз Душанбе ба Тошканд бираванд ва сипас аз пойтахти Узбекистон бо парвозҳои чартерӣ ба Маскав сафар кунанд. 

Нархи билет барои ҳар мусофир дар масири Тошканд ба Маскав  наздик ба 400 доллар аст дар ҳоле, ки ин нарх дар Тоҷикистон аз 700 то 1 ҳазору 300 доллар аст. 

Дар нишасти чанд рӯзи қабл камиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Узбекистон дар Тошканд, ҷонибҳо дар бораи бозгушоии марзҳои заминӣ ва роҳандозии ҳаракати автобусҳои мусофирбарӣ миёни ду кишвар тавофуқ карданд, ки заминаи сафари тоҷикҳо ба Тошканд ва парвози онон ба Русияро фароҳам месозад. 

Дар Тоҷикистон ба далели зиёд будани теъдоди коргарони муҳоҷир, ки қасди рафтан ба Русияро доранд, то як моҳи оянда билет нест ва нархҳо низ гарон мебошад. 

Мақомоти ширкати хутути ҳавоии Узбекистон эълом кардаанд, ки тоҷикҳои хоҳишманди парвоз аз Тошканд ба Маскав бояд бо худ гувоҳиномаи озмоиши манфии Ковиди 19-ро бо эътибори 72 соат қабл аз савор шудан ба ҳавопаймо дошта бошанд. 

Ҳамчунин ҳангоми вуруди ин мусофирон ба қаламрави Узбекистон дар посгоҳҳои марзӣ аз онон  дубора  озмоиши мубтало набудан ба Ковиди 19 гирифта мешавад.

 

Бештар бихонед: