Қадрдонии мардуми Афғонистон аз Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ
(last modified Thu, 20 May 2021 08:02:08 GMT )
Май 20, 2021 13:02 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонии мардуми Афғонистон аз Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ
    Қадрдонии мардуми Афғонистон аз Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ

Шаҳрвандон ва хонаводаҳои кушташудагони ҳамлаи террористии мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадои пойтахти Афғонистон аз паёми ҳамдардии Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ ба онҳо қадрдонӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симо аз Кобул, Муҳаммад Юсуфи Носирӣ вакили гузари ноҳияи сездаҳуми шаҳри Кобул ( намояндаи шӯрои  маҳал ) гуфт: «Мардуми Афғонистон аз паёми ҳамдардии Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ ба мардум ва хонаводаҳои кушташудагони мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо   ва ҳамчунин дилҷӯии эшон қадрдонӣ карданд.» 

Дар ҳамин ҳол мардуми Афғонистон аз пӯшиши хабарии муносиби хабаргузории садо ва симоии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳамлаи террористӣ ба мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо низ ташаккур карданд. 
  
  

Ҳазрат Раҳбари Муъаззами Инқилоби Исломӣ Оятуллоҳи Хоманаӣ  рӯзи 11 май дар дидор бо намояндагони ташаккулҳои донишҷӯии Эрон, ҳамлаи террористӣ ба мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадои Кобулро ба шиддат маҳкум карданд ва гуфтанд: «Лаънати худованд бар ҷинояткороне, ки ғунчаҳҳои мазлуми афғонистониро пар-пар карданд.» 

Бар асари инфиҷорҳои террористии рӯзи 8 май муқобили мадрасаи духтаронаи Сайид-уш-Шуҳадо дар ғарби Кобул ( пойтахти Афғонистон ) 90 нафар, ки бештар  духтарони донишомӯзи 11 то 15 сола буданд шаҳид ва 240 нафар захмӣ шуданд. 

 

Бештар бихонед: