Ифтитоҳи озмоишгоҳи PCR дар фурудгоҳи Манаси Қирғизистон
Қирғизистон бо мақсади ҷалби сайёҳон дар ҳамкорӣ бо як ширкати Корея озмоишгоҳи PCR таъсис медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, нахуствазири Қирғизистон "Улуғбек Маъруфов" ва раиси ширкати Корея Пак Ҳю Рин «BS Group Pak Hyo Rin» дидор ва роҳҳои ҳамкорӣ бо ширкати мазкурро баррасӣ карданд.
Дар ин дидори Маъруфов гуфт: Қирғизистон ба тақвият ва тавсеъаи ҳамкорӣ бо Кореяи ҷанубӣ аҳамияти зиёде медиҳад. Эҷоди шароити муносиб барои сармоягузорӣ ва ҳимоят аз манофеъи сармоягузорони хориҷӣ ва эминӣ барои амнияти сармоягузорон низ яке аз вазоиф ва авлавиятҳои кобинаи вазирон аст.
Рин инчунин гуфт, ки ширкат ба гидроэнергетика, содироти дору, истеҳсоли дору, истеҳсоли корти магнитӣ ва дигар таҷҳизот тамаркуз кардааст.
Вай бо ибрози алоқа ба сармоягузорӣ дар иқтисоди дохилӣ гуфт, ки имрӯз ин ширкат ба таври расмӣ озмоишгоҳи PCR-ро дар фурудгоҳи байналмилалии Манас дар Бишкек ифтитоҳ мекунад, ки дар ин озмоишгоҳ, ҳудуди 14 ҳазор нафар дар як рӯз қодир ба анҷоми тести PCR хоҳанд буд ва натоиҷ зарфи як соат пас аз озмоиш омода мешаванд.
Нахуствазири Қирғизистон афзуд: Бо тавваҷӯҳ ба оғози фасли гардишгарӣ дар кишвар, ифтитоҳи чунин озмоишгоҳе дар ин кишвар аз назари ҷазби гардишгар аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст. Вазифаи мо ин аст ки Қирғизистонро ба кишваре орӣ аз Ковид - 19 табдил кунем . Ин мутмаиннан ба афзоиши ҷараёни гардишгарӣ ба кишвар кумак хоҳад кард.
Бештар бихонед: