Май 27, 2021 16:55 Asia/Dushanbe
  • Идораи рӯҳонияти Қирғизистон
    Идораи рӯҳонияти Қирғизистон

Шӯрои ҳисобрасии идораи рӯҳонияти Қирғизистон пас аз баррасӣ, суистифодаи молӣ дар замони муфтии собиқро таъйид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шӯроии ҳисобрасии идораи рӯҳонияти Қирғизистон эълом кард : Пас аз ҳисобу китоб мушаххас шуд, ки маблағи 1 миллиону 894 ҳазору 115 доллар суистифодаи молӣ шудааст .

Пас аз иттиҳому боздошти муфтии собиқи Қирғизистон дар бораи суистифодаи молӣ, натоиҷи ҳисобрасии умӯри молӣ дар замони вай мунташир шуд .

Ин санад, ки ба имзоии муфтии муваққат Ҷурабой Шерқозиев расида ва дар сафҳаи Фейсбуки шӯрои ҳисобрасӣ низ омадааст .

  Дар ин санад ҷузъиёти шеваи интиқоли пул ва миқдори камбуди он бо ҷузъиёт мунташир шуд .

Мушаххас шуд, ки дар соли 2020 теъдоди 9586 нафар барои ширкат дар маросими Ҳаҷ сабти ном карданд, аз ин теъдод 5 ҳазору 519 зоир ҳар кадом 3350 доллар ба ҳисоби бонкии муфтӣ ворид карданд .

Ҳамчунин теъдоди 4067 нафар ҳар кадом 500 доллар хориҷ аз пойгоҳ ворид ва 105 нафар  маблағи 500 долларро дохили пойгоҳ ворид карданд .

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар 10 феврал Жинешбек Боқиев-ҳисобдори аршади Идораи рӯҳонии мусулмонони Қирғизистонро боздошт кард .

  Хадамоти амниятӣ дар баёнияе эълом кард, ки муфтӣ барои бастани ин парванда 100 ҳазор доллар ришва пешниҳод кардааст .

 

  Бештар бихонед :

 

Барчасп