Май 30, 2021 21:06 Asia/Dushanbe
  • Нуздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии “Абрешим ва адвияҷот” дар Ӯзбакистон

Нуздаҳумин ҷашнвораи байналмилалии “Абрешим ва адвияҷот” бо ҳузури мақомоти Узбакистон ва устодони ин ришта дар шаҳри Бухоро баргузор шуд.

Ботир Шаҳриёров, муовини гардишгарӣ ва варзиши вилояти Бухоро дар маросими ифтитоҳияи ин ҷашнвора, ки дар майдони Арки Бухоро баргузор шуд, гуфт: Ҷашнвораи байналмилалии “Абрешим ва адвияҷот”, ки ҳар сол дар шаҳри Бухоро баргузор мешавад, яке аз рӯйдодҳои аслӣ дар зиндагии фарҳангии Узбакистон аст.

Шаҳриёров афзуд: Ин ҷашнвораи байналмилалӣ теъдоди бисёре аз гардишгаронро аз тамоми ҷаҳон ҷазб мекунад ва фарҳанги мардуми машриқзаминро ба таври комил намоиш медиҳад.

Муовини гардишгарӣ ва варзиши вилояти Бухоро изҳор дошт: Ин ҷашнвора бо ҳадафи таҳкими дӯстӣ ва равобити фарҳангӣ байни миллатҳо, таблиғи арзишҳои миллӣ ва кумак ба равнақи тавлиди саноеи дастии суннатӣ ва гардишгарӣ баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар тури “Инфо”-и ҷашнвора ҳунармандон, санъатгарон, сафолгарон, тавлидкунандагони абрешим, зардӯзон, дӯзандагон ва бофандагон, тавлидкунандагони адвияҷот маҳсулоти худро дар маърази боздидкунандагон қарор доданд.

Ин ҷашнвораи байналмилалӣ барои табдили Бухоро ба яке аз марокизи гардишгарии ҷаҳон кумак хоҳад кард.

Шаҳрвандони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон, намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз ин ҷашнвораи байналмилалӣ боздид карданд.

 

Бештар бихонед: