Май 31, 2021 18:05 Asia/Dushanbe
  • Фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тарҳҳои нави муштаракро баррасӣ мекунанд
    Фаъолони бахши хусусии Тоҷикистон ва Ӯзбакистон тарҳҳои нави муштаракро баррасӣ мекунанд

Ҳайати бузурге аз тоҷирони Узбакистон ба Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, ин ҳайати 150 нафара аз тамоми манотиқ ва шаҳрҳои бузурги ин кишвар имрӯз, душанбе вориди Тоҷикистон мешавад то фардо, якуми июн дар меҳмонхонае дар шаҳри Душанбе дар ҳамоише муртабит бо масоили тиҷории ду кишвар ширкат кунад.

Фаъолони бахши бозаргонии Узбакистон ва Тоҷикистон дар ин ҳамоиш иҷрои тарҳҳои муштараки ҷадидро баррасӣ мекунанд ва эҳтимолан тавофуқоте дар заминаи арзаи маҳсулоту хадамот имзо кунанд.

Шоёни зикр аст, ки Душанбе ва Тошканд қасд доранд тиҷорати байни ду кишварро то як миллиард доллар афзоиш диҳанд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп