Июн 02, 2021 11:44 Asia/Dushanbe
  • СЕНТКОМ: 44 дарсади раванди хурӯҷи Амрико аз Афғонистон комил шуд

Фармондеҳии нерӯҳои террористии амрикоӣ дар минтақаи ғарби Осиё (СЕНТКОМ) эълом кард, ба сӯрати тақрибӣ раванди хурӯҷи таҷҳизоти низомӣ ва сарбозони амрикоӣ аз Афғонистон байни 30-44 дарсад такмил шудааст.

СЕНТКОМ рӯзи сешанбе дар баёнияе изофа кард, ки Вашингтон ҳамчунин ба сӯрати расмӣ беш аз шаш сайтро ба вазорати дифои Афғонистон таҳвил додааст.

СЕНТКОМ пешбинӣ кард, ки интиқоли дигар пойгоҳҳо ва дороиҳои низомӣ дар оянда анҷом хоҳад шуд.

Хурӯҷи хифтбори нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон дар ҳоле сӯрат мегирад, ки ҳузури ҳудӯди 20 солаи ин кишвар дар Афғонистон, дастоварде ҷуз куштори даҳҳо ҳазор тан аз мардуми мазлӯми ин кишвар, тахриби зерсохтҳо ва афзоиши тавлиди маводи мухаддир надоштааст.

 

Барчасп