Июн 02, 2021 17:15 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии хати нави парвозӣ байни шаҳрҳои Алмаато ва Самарқанд

Созмони ҳавопаймоии кишварии Қазоқистон аз роҳандозии хати нави парвозӣ байни шаҳри Алмаатои ин кишвар ва Самарқанди Узбакистон хабар дод.

Ба гузориши АКИ Пресс, бар асоси ин тасмим аз 8 июн хутути нави парвозӣ байни шаҳри Алмаато ва шаҳр Самарқанд роҳандозӣ мешавад.

Парвозҳо дар ин масир ҳафтае 4 бор, 2 бор тавассути ширкати ҳавопаймоии “Эйр Остона” (рӯзҳои чаҳоршанбеву якшанбе) ва 2 бори дигар тавассути ширкати ҳавопаймоии “Хутути ҳавоии Узбакистон” (рӯзҳои сешанбеву шанбе) бо ҳавопаймоҳои A - 320/321 анҷом мешаванд.

Мақомоти Кумитаи ҳавопаймоии кишварии Қазоқистон бар ин боваранд, ки роҳандозии масири нави муназзами байналмилалӣ мунҷар ба тавсеаи бештари равобити тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангиву гардишгарӣ байни ин кишвар ва Узбакистон хоҳад шуд.

Парвозҳо бо риояти дақиқи илзомоти беҳдоштӣ ва мутобиқ бо ҷадвали замонии мунташиршуда дар вебсайтҳои ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвар анҷом мешаванд.

 

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп