Таъкиди Узбакистону Қирғизистон ба зарурати ҳалли ихтилофоти марзӣ
(last modified Thu, 27 Oct 2016 14:57:37 GMT )
Октябр 27, 2016 19:57 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Узбакистону Қирғизистон ба зарурати ҳалли ихтилофоти марзӣ

Раисҷумҳурҳои Узбакистону Қирғизистон ба зарурати талоши ду кишвар барои ҳалли ихтилофоти марзӣ миёни ин кишварҳо таъкид карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури муваққати Узбакистон ва Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯи телефонӣ таъйини таклифи ҳарчи сареътари вазъияти марзҳои ду кишварро хостор шуданд. Мирзиёев ва Отамбоев ҳамчунин бо ишора ба ниёзи Узбакистону Қирғизистон ба рушди муносибот дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ дар бораи чашмандози густариши ҳамкориҳо табодул назар карданд.

Гуфтанист, пас аз истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ миёни ин кишварҳо, бавижа Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ихтилофоти марзӣ вуҷуд дорад ва ин кишварҳо то кунун ба таври комил барои ҳалли ин ихтилофот ба натиҷа нарсидаанд.