Июн 05, 2021 17:40 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи марзӣ байни мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқномаи марзӣ имзо карданд.

Ба гузориши яке аз манобеи хабарии Осиёи Марказӣ, тарафи Қирғизистон эълом кард, Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии ин кишвар дар дидори Саймумин Ятимов, ҳамтои тоҷикӣ тавофуқномаи ҷадидеро имзо карданд.

Субҳи рӯзи 4 июн тарафи қирғиз эълом кард, ки Тоҷикистон континереро дар минтақаи марзии мавриди муноқиша қарор додааст, аммо мақомоти Тоҷикистони гуфтанд, ки ин минтақа қаламрави Тоҷикистон аст ва тибқи тавофуқоти қаблӣ, онҳо як маҳали бозрасии марзӣ мустақар карданд.

Бо афзоиши танишҳо раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон ба минтақа сафар кард.

Мақомоти тоҷик ҳеч иттилооте дар мавриди оғоз ё поёни музокирот мунташир накарданд.

Аммо раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар минтақаи Чон-Олой дар вилояти Ӯш ба хабарнигорон гуфт, ки тарафайн тавофуқномаи ҳаштмодаиро имзо карданд.

Вай гуфт, ҷузъиёти ин тавофуқнома дар оянда мунташир хоҳад шуд, аммо ду тараф тавофуқ карданд, ки нерӯҳои худро аз марз хориҷ кунанд ва сокинони қирғизро, ки аз рӯстоҳои худ ба навоҳии амн мунтақил карда буданд ба хонаҳои худ баргардонанд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп